Маркази миллии тестӣ: барои довталабон даври асосии имтиҳонот оғоз ёфт

Июль 3, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ– қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон ҳатмӣ аст, оғоз гардид.  Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 14 331 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, дар назар аст.  Соли равон шумораи умумии довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнависшуда 94 ҳазору 905 нафарро ташкил дод.

Мувофиқи ҷадвали муқарраршуда, даври асосии имтиҳонҳо аз 1 то 13 июли соли равон дар 47 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ- Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.

Июль 3, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд