Нӯъмон Абдуғаффорзода: Роҳбалад на танҳо забонҳои хориҷӣ, балки таъриху фарҳангро низ бояд хуб донад
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Омода кардани роҳбалад кори осон набуда, он вақт мехоҳад ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш карда истодааст, ки дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар роҳбалодони ҳирфаӣ омода намояд. Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нӯъмон Абудғаффорзода имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
«Роҳбаладон дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ, бояд аз таъриху фарҳанги халқи худ бохабар бошанд. Зеро сайёҳон маҳз тавассути онҳо дар бораи Тоҷикистон тасаввурот пайдо мекунанд. Бардошти сайёҳон аз бисёр ҷиҳат аз роҳбаладон вобаста аст. Бинобар ин, мо кӯшиш карда истодаем, ки роҳбаладон дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ таъриху фарҳанги халқи тоҷикро хуб омӯзанд ва ҷумҳуриро ба сайёҳон ба таври шоиста муаррифӣ кунанд»,-зикр намуд Нӯъмон Абудғаффорзода.
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи мазкур навтаъсис буда, дар самти омода намудани роҳбаладони ҳирфаӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






