Назар Одиназода: «Афзоиши нархи сӯзишворӣ ба болоравии қимати он дар ҷаҳон вобаста аст»

Июль 18, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон сунъӣ набуда, омилҳои берунӣ дорад. Сабаби асосии болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба афзоиши қимати он дар ҷаҳон, махсусан Россия ва Қазоқистон вобаста аст. Бинобар сабаби боло рафтани нархи нафт дар биржаи Санкт-Петербург нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, илова намуд, ки нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба арзиши нафту газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст. Ҳар гоҳ қиматҳо дар ин бозорҳо тағйир ёфтанд, дар Тоҷикистон ҳам қимати газу бензин болову поин меравад. Ҳамчунин афзоиши харҷи роҳ барои интиқоли маводи нафтӣ ва гази моеъ дар болоравии нархи ин маҳсулот таъсири худро расонидаанд.

«Мо наметавонем ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтиро маҷбур кунем, ки маҳсулотро аз нархи воридотӣ арзон фурӯшанд. Низоми иқтисоди мо бозаргонӣ аст ва мақсади ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ гирифтани фоида аст. Онҳо низ наметавонанд бар зарари худ фаъолият кунанд»,-иброз намуд Назар Одиназода.

Дар шаш моҳи  аввали соли равон ба Тоҷикистон бештар аз 217 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 180 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст. Айни замон як литр бензини навъи А92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 7 сомониву 50-60 дирам нарх дорад. Як литр гази моеъ аз 4.70 то 4.80 сомониро ташкил медиҳад.

Июль 18, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад