Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқот барои Ҷоми Осиё 3 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар Ҷоми Осиё сазовори 3 медал гардид.
Тавре котиби генералии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Шамсия Саидова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз 13 то 15 июл дар шаҳри Ҳонконг Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа ҳафт варзишгар намояндагӣ карданд. Дар мусобиқа миёни наврасон 133 варзишгар (84 писар, 49 духтар) аз 27 давлати қора иштирок доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 нафар варзишгар: Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг, Фаридун Холиқов дар вазни -81 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кг муаррифӣ карданд.
Танҳо Эмомризо Қурбонов тавонист, ки медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шавад. Ғаниҷон Ғаниев ва Фаридун Холиқов ҷои панҷумро ишғол намуданд.
Дар рақобатҳо миёни ҷавонон 127 варзишгар (76 писар, 51 духтар) барои ҷоизаҳо талош карданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 паҳлавони шинохта — Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни-73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг ва Муҳаммадуллоҳ Лоиқов дар вазни -90 кг дар ин мусобиқа иштирок намуда, 1 медали тилло ва 1 нуқра ба даст оварданд.
Медали тиллоро Ҷаҳонгир Маҷидов ба гардан овехт. Ӯ рақобатро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ Сиҳо Парк ва Шинҷон Ким пирӯз гардид.
Муҳаммадуллоҳ Лоиқов соҳиби медали нуқра гардид. Муҳаммадуллоҳ дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Малайзия Тзе Нинг Тан ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Дар нимфинал намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Сиҳйон Лиро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Муғулистон Гоншигсурен Батхуйаг мағлуб шуд.
Варзишгарони наврасу ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Макао, ки 21-22 июл ба нақша гирифта шудааст, ширкат мекунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






