Расмиёти марбут ба гирифтани изи ангушти зоирини Тоҷикистон дар дохили кишвар анҷом дода мешавад
ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тартиби муқарраргардида, имсол расмиёти марбут ба гирифтани изи ангушти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар мегарданд, дар дохили кишвар анҷом дода мешавад.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зимнан, ҳамасола чунин тадбири амниятӣ дар фурудгоҳҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ анҷом дода мешуд, ки боиси ташвиш ва издиҳоми зиёди ҳаҷравандагон мегардид. Аз ин лиҳоз, имсол бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ин тадбир дар худи кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти зикршударо дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ба роҳ мондааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






