РЎЗЕ САРШОР АЗ ЛУТФУ МЕҲРУБОНӢ. Имрӯз – Рӯзи маъюбон
ДУШАНБЕ, 08.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола рӯзи 8 июл дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба Рўзи маъюбон барномаҳои гуногуни саршор аз лутфу меҳрубонӣ нисбат ба ин табақаи осебпазир ва ниёзманди ҷомеа баргузор мегарданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бахшида ба ин сана дирӯз роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ба хотири болидагии бошандагони бемористони муассиса дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №2 шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ташаббуси волидайни кўдакони дорои аутизм – ИРОДА» барномаи идона баргузор намуданд.
Дар ҷамъомади мазкур зикр гардид, ки аз ибтидои марҳалаи соҳибистиқлолӣ то кунун ғамхорӣ дар ҳаққи табақаи маъюби кишвар, кўдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин қишри осебпазири ҷомеа на танҳо як рӯз, балки пайваста ба кумаку ғамхорӣ ва лутфу меҳрубонӣ ниёз дорад.
Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани заминаҳои пешниҳоди хизматрасониҳо ба ин табақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъбон барои солҳои 2017-2020»-ро қабул намуда, 22 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати эътирофи «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъбон» зери он имзо гузоштанд. Конвенсияи мазкур аз соли 2008 инҷониб ҳукми қонунӣ дорад ва аллакай 176 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои он мебошанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин рўз ҳамчунин барои болидагии хотири кўдакони маъюбе, ки дар ин шабу рўз дар бемористони муассиса қарор доранд, викторинаи расмкашӣ ва мусобиқаи варзишӣ ташкил карда мешавад.
Инчунин дар арафаи таҷлили Рўзи маъюбон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои кормандони соҳа дар мавзўи «Ҷанбаҳои иҷтимоии солимии аҳолӣ ва пешгирии маъюбшавӣ дар Тоҷикистон» семинари илмӣ-амалӣ гузаронида мешавад.
Қобили зикр аст, ки Рўзи маъюбон дар дигар муассисаҳои табобатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таҷлил мегардад.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






