САНГВОР: 62 нафар омӯзгорони ҷавон бо кор таъмин гардиданд

Июль 4, 2018 16:48

САНГВОР, 04.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Бахши Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Сангвор давоми  шаш моҳи соли 2018 барои ба низом даровардани  фаъолияти шаҳрвандони бешуғл ва бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани онҳо мувофиқи тавсияномаҳо  233  нафар шахсони бекорро бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намуд. Аз ҷумла, 62 нафари онҳо омӯзгорони ҷавон мебошанд, ки  дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгор ба кор таъмин гардиданд.  Дар ин бора  аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Инчунин  ба 33  нафар  қарзи  бефоиз  ба  маблағи  128 ҳазору 860  сомонӣ аз  ҳисоби  маблағҳои   бозгаштшуда  барои фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун кумаки молиявӣ дода шудааст, ки  аз он ба соҳаи чорводорӣ 37 000 сомонӣ, соҳибкорӣ  18 000 сомонӣ,  занбӯри асалпарварӣ  56 500 сомонӣ ва ба соҳаи картошкапарварӣ 17 360  сомониаш рост меояд.

Тибқи иттилои манбаъ, соли  равон дар  асоси  роҳхатҳои Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 85 нафар  занони хонашин ҳунарҳои  дӯзандагӣ,  бофандагӣ, қолинбофӣ ва гулдӯзиро тавассути филиали «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи  Сангвор  омӯхта, соҳиби шаҳодатномаҳои касбомӯзӣ гардиданд.

Июль 4, 2018 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад