Саридораи геология барои ҳисоби захираи конҳо аз таҷрибаи Австралия истифода мекунад
ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳисоб намудани захираи конҳои фоиданоки ҷумҳурӣ омӯзиши барномаи «Макромайн»-ро ба роҳ мондааст.
Ба иттилои муовини аввали Сардори Саридораи геология Раҳмонбек Бахтдавлатов, вазифаи геологҳо — ин кашф кардани конҳост. Саридораи геологияи ҷумҳурӣ кӯшиш дорад он усулҳои муосиреро, ки айни ҳол дар ҷаҳон баҳри кашфи конҳо мавҷуданд, дар амал ҷорӣ намояд. Барномаи «Макромайн», ки барои ҳисоб кардани захираҳои конҳои фоиданок дар Австралия тарҳрезӣ шудааст, аллакай барои ҷорӣ кардани ин барнома дар Тоҷикистон корҳоро ба анҷом расонида истодааст.
Ба гуфтаи Раҳмонбек Бахтдавлатов, ҳамаи сохторҳои геология бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда, дар ин самт ягона мушкилие, ки вуҷуд дорад, набудани озмоишгоҳ аст, ки сари он кор бурда истодаанд. «Айни замон мо намунаҳои зиёдеро барои ташхис ба хориҷи кишвар равон мекунем. Дар натиҷаи насби озмоишгоҳи ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дар Тоҷикистон мо метавонем ин мушкилиро ҳал созем. Агар ин мушкилӣ рӯзҳои наздик ҳал шавад, аллакай ба ин васила ба муваффақиятҳои боз ҳам бештар ноил мегардем»,-зикр намуд ӯ.
Зикр карда шуд, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон танҳо ба як ширкат — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Одина» барои ҳуқуқи гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар Даштакони ноҳияи Ховалинг иҷозатнома дода, бо 24 ширкат барои истфодаи қари замин қарордод бастааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






