Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта 12 июл дар Душанбе мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БРСММ ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои ин чорабинӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак баҳри татбиқи натиҷаҳои Конфронс ва Даҳсолаи нав табодули афкор намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба БРСММ барои мусоидат дар раванди омодагӣ ва баргузории Конфронси мазкур арзи сипос намуд.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






