Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 августи соли ҷорӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 9 дар маҷлисгоҳи Вазорати мазкур гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 9 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқот мекунанд.
Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» баргузор мешавад.
Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 9 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи Агентии мазкур мулоқот мекунад.
Нишасти матбуотии МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.
Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






