ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: ҷавоне боздошт гардид, ки дар 20 ҳолати дуздӣ даст дорад

Июль 24, 2018 13:10

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти нафаре хабар дод, ки дар содир намудани 20 ҳолати дуздӣ бо зарари 50 000 сомонӣ даст доштааст.

 Бо шикастани тиреза аз дохили мошин рабудани маблағҳои пулӣ, телефони мобилӣ ва дигар ашёи арзишманд аз кирдорҳои ҷиноятии шаҳрванд Шоҳрухи Ҳотам, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд.

Номбурда гарчанде қаблан бо ҷурми дуздӣ ҳабс шуда буд, вале  боз дидаву дониста ба ин кирдори ҷиноятӣ машғул гардид. Ӯ 11 июли соли равон бо шикастани тиреза аз дохили мошини шаҳрванд Фирӯз Розиқов ду адад телефони мобилӣ ва аккумулятор, ки дар маҷмӯъ 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ба яғмо бурдааст.   Ҳамчунин гумонбаршаванда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз дохили мошини тамғаи «Опел-Астра» маблағи пулии 2 ҳазор сомониро тасарруф намуда, ба шаҳрванд Мирзо Миралиев зарари ҷиддӣ расонидааст.

Ҳамин тариқ, дастгиршуда Шоҳрухи Ҳотам бо содир кардани зиёда аз 20 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ ба шаҳрвандон қариб 50 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Беэҳтиётӣ боиси ғарқшавии ду нафар гардид

Тайи ду рӯзи охир дар натиҷаи беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ду нафар аз сокинони кишвар ба ҳалокат расидаанд.

22 июли соли равон, тахминан соати 15:00, писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, хонандаи синфи 6-уми МТМУ, ҳангоми дар лаби дарёи деҳаи Калтачинори ноҳияи Балҷувон оббозӣ кардан аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин як рӯз баъд ба ин монанд дар натиҷаи оббозӣ дар дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари-гузари шаҳри Норак ҷавонписари 18-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри мазкур ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки зимни оббозӣ дар дарёҳо ва ҳавзу обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Авбошии ду ҷавон дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе

Ҳафтаи сипаришуда бо гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду нафарро дастгир намуданд, ки онҳо дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар дониста шуда, бо истифода аз корд ҳамдигарро захмӣ намудаанд.

Инҳо шаҳрвандон Алиҷон Алифбеков, соли таваллудаш 2000 ва Рустам Абдуқаҳҳоров, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе мебошанд.

Номбурдагон 5 июли соли ҷорӣ дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе муддати 10-15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, даст ба гиребон шуданд. Дар натиҷа ҳарду бо кордҳои мусаллаҳгашта якдигарро захмӣ намудаанд.

Айни замон нисбат ба гумонбарон бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Июль 24, 2018 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид