«АЛ­ҶАЗОУ МИН ҶИНСИ АЛ­АМАЛ» ВА Ё «ҲАРЧӢ КАРДӢ — МЕБИНӢ». Ба АМИТ «Ховар» аз номи Анҷумани тоҷикон дар Туркия боз як нома расид

Август 8, 2018 09:24

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба унвони АМИТ «Ховар» аз номи ҷамъияти тоҷикон дар Туркия нома ворид гардид, ки мазмуну мундариҷаи он касро ба андеша мебарад…  

«Чуноне, ки маълум аст, Муҳиддин Кабирӣ ва хонаводаи ӯ борҳо дар куштори фарзандони миллати тоҷик даст доштанд. Биёед ба таърих назар афканем. Солҳои 1992-1997 Кабирӣ дар даврони ҷавониаш аллакай дасташ дар хун олуда буд. Аммо бо назардошти он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни ташкилоти террористии мазкур авф шуда буданд, аъзоёни наҳзат аз ин ҳолат сӯистифода намуданд.

То ҳанӯз аз хотираҳо нарафтааст, ки фарзанди Кабирӣ Муҳаммад Тиллозода 3-юми майи соли 2012 бо автомашинаи шахсии тамғаи «Тойота Кемрӣ», рақами қайди давлатӣ 39-26 АМ 01 РТ бо суръати баланди 110-120 км дар як соат Ортиқзода Муҳсиддин, сокини деҳаи Андиҷони шаҳри Ваҳдатро дар рӯзи таваллудаш зер карда кушт. Он рӯз Муҳсиддин ба синни 12 — солагӣ қадам мезад ва ба ин муносибат дӯстонашро ба меҳмонӣ даъват карда буд. Модари Муҳсиддин бо алам гуфта буд: «Писарам дар рӯзи мавлудаш чанд ҳамсинфашро ба хона даъват кард».

Модари Муҳсиддин ӯро ба наздаш хонд ва чанд сомоние дода хоҳиш кард, ки аз мағозаи наздиктарин рафта камтар ширинии дигар биёрад. Муҳсиддин «Не модарҷон ташвиш накашед, басанда аст, ин пулро барои дигар корҳои рӯзгор сарф кунед» — гӯён пулро баргардониданӣ буд. Аммо модараш бо дилсӯзию ифтихор ва шукргузорӣ аз ақлу фаросати писараш, ки ба синну соли кӯчак нигоҳ накарда, ғами хонаводаро мехӯрд, ҷавоб дода буд: «Писарҷонам, ту марди хонадонӣ, падарат дар ғарибӣ асту худат пушту паноҳ, сутуни хонадон гаштаӣ. Ҳоло туӣ ноновару нигаҳбони хона. Туӣ, ки замини наздиҳавлиро кишт ва парвариш мекунӣ, ҳосилашро меғундорӣ. Туӣ, ки ҳезуму алаф ҷамъ меоварӣ, молу говамонро саробонӣ мекунӣ. Рав, ба нодориамон нигоҳ накун, ҳарчӣ хоҳӣ биёр, пулат нарасад қарз гир, коре карда бармегардонем. Коре кун, ки дар назди ҳамсинфон худро баробарэътибор эҳсос намоӣ».

Тайи чанд рӯзи сипаригардида, наҳзатиҳо аз бемории як тифли бегуноҳ Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода сӯистифода намуда, сару садо бардошта, ин қазияро ба қазияи сиёсӣ табдил додаанд. Пас биёед як бор хулоса кунем, чаро шахсе, ки дар қайди ҳаёт аст ва аз ҷониби касе бо мошини гаронбаҳо кушта нашудааст, ин қадар ҳангома месозад. Дигар ин ки аз ҷониби мақомоти дахлдор шиносномаи хориҷӣ содир карда шуда ва ҷиҳати сафараш ба хориҷа мусоидат сурат гирифтааст. Айни ҳол Иброҳим Тиллозода дар шаҳри Истанбул табобат гирифта истодааст. Албатта қонуни дунёро набояд фаромӯш сохт. Зарбулмасали арабии «Ал­ҷазоу мин ҷинси ал­амал» ба мақоли халқии тоҷикӣ «Ҳарчи кардӣ — мебинӣ» рост меояд.

Хулоса, бояд хонаводаи Кабирӣ нағз эҳсос кунад, ки фарзанд барои ҳама азизу ширин аст. Дар таърихи 3-4 сентябри соли 2015, наҳзатиҳо бо амалҳои террористии худ чандин оилаҳоро хонавайрон карда, кӯдакҳоро ятим, занҳоро бева ва чанд модаронро бе фарзанд намуданд. Он нафароне, ки барои Ватан шабу рӯз дар хизмат буданд, онҳоро аз ҳаёт маҳрум сохтанд.

Мо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия амали М.Кабириро маҳкум намуда, аз ӯ талаб менамоем, ки масъалаи оилавиашро ба масъалаҳои сиёсӣ омехта накунад ва ба инобат гирад, ки фарзанд барои ҳама азиз ва меҳрубон аст. Бояд М. Кабирӣ аз куштани тифлони бегуноҳ даст кашад».

 

Анҷумани тоҷикон дар Туркия

Август 8, 2018 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад