Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар ба таври назаррас роҳандозӣ гардида, ҳамеша дар ҳоли рушд қарор дорад. Асос ва таҳкимбахши ин ҳамкорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бобарори роҳбарони олии давлат- Тоҷикистон ва Қатар сарчашма мегиранд. Ин нукта имрӯз, 30 август зимни ифтитоҳи ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтанд, баён гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаҳо намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, молия, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар идораҳои Тоҷикистон бо ҳайати меҳмонон – намояндагони вазоратҳои иқтисод ва тиҷорат, маориф ва таҳсилоти олӣ, муҳити зист, энергетика ва саноат, фарҳанг ва варзиш ва Бонки марказии Қатар мубодилаи афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои мазкур дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки пагоҳ, 31 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир гардида истодаанд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласаҳо ҳайатҳои расмиро аз ҷониби Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Тоҷиддин Ҷӯразода ва аз ҷониби Қатар сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ, созишномаҳои иқтисодию тиҷоратии Вазорати иқтисод ва тиҷорати Давлати Қатар Аҳмад Аҳан муаррифӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар сол то сол рушд ёфта, барои тавсеаи онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меояд. Дар доираи ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи кории ҳайатҳо баргузор гардид, ки дар он ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию техникӣ ва сармоягузории байни ду давлат баррасӣ карда шуданд.









Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






