Ба буҷаи давлат зиёда аз 180 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст — дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 770 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор карда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳо оид ба бартараф намудани омилҳои коррупсонӣ ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда 1516 дастури хаттӣ ва 863 пешниҳод ирсол намуданд, — гуфт Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода зимни нишасти матуботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018.
Зикр карда шуд, ки дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 182,3 миллион сомонӣ ба давлат барқарор карда шудааст. Инҷунин, аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳазору сесад ҷиноятҳои корупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор гардиданд.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат яке аз роҳҳои асосии кам кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро ҳатто дар кишварҳое, ки ба кормандони мақомоти давлатӣ маоши баланд таъйин шудааст ва ё дар кишварҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷазои ҳукми қатл татбиқ карда мешаванд, мутаассифона, амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд ба қайд гирифта мешаванд.
Дар баробари иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ кормандони Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ бо гузаронидани як қатор корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 8 ҳолати иштирок кардани шаҳрвандони мамлакатро дар амалиётҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ошкор карда, нисбат ба онҳо бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карданд.
Ба Агентӣ 662 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин миқдор 620 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба 181 адад ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта эроду пешниҳод дода шуда ва дар 43 лоиҳа омилҳои ба вуҷуд овардани коррупсия ошкор гардиданд. Ҳамчунин дар нимсолаи аввал роҳбарияти Агентӣ 423 шаҳрвандонро қабул карда, нисбат ба арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳои онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.
Роҳбарияти Агентӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавобҳои қонеъкунанда пешниҳод карданд.
Дар нишасти матуботӣ Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода иштирок дошт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






