Байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Бӯстон ва Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмини Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ХУҶАНД, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон (ДКМТ) минбаъд барои сайқал додани дониш ва табодули таҷриба дар Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмини Ҷумҳурии Чин идомаи таҳсил менамоянд. Дар робита ба ин байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон ва Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмини Ҷумҳурии мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, инчунин байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмин ва филиали Донишгоҳи Конфутсӣ, ки дар самти омӯзиши забони чинӣ роҳандозӣ гардидааст ва чанд сол аст, ки дар назди Донишкадаи мазкур амал мекунад, созишномаи грантӣ низ ба имзо расонида шуд.
Тибқи созишномаҳои ба имзорасида, аз соли хониши нави таҳсил 4 нафар хатмкунандагони ДКМТ ва 22 нафар хатмкунандагони филиали Донишгоҳи Конфутсӣ имкон доранд, ки тариқи квота дар магистратураи Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмин ва ҳамзамон донишгоҳҳои дигари пешрафтаи Чин идомаи таҳсил намоянд.
Тавре профессори Донишгоҳи илм ва техникаи шаҳри Кунмин Жуан Райбо баён дошт, дар баробари дигар шаҳрҳои калони Чин дар донишгоҳҳои Кунмин низ ҳамасола баҳри ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ барои идомаи таҳсил ярмаркаи байналмиллалии дониш (China Education Expo) ташкил мегардад. Дар ин ярмарка донишҷӯён имкон пайдо мекунанд, ки дар Донишгоҳи тиббӣ, Коллеҷи металлургӣ, Донишгоҳи илм ва техника, Донишгоҳи санъат ва Мактаби тиҷорат идомаи таҳсил намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон низ соли 2006 дар аснои техникуми политехникии осиёимиёнагии онвақта шаҳри Чкалов, ки соли 1949 таъсис ёфта буд, ташкил гардид. Давоми 12 соли ахир яке аз таълимгоҳҳои омодакунандаи мутахассисони соҳаҳои гуногуни коргоҳҳои кӯҳӣ-металлургии мамлакат маҳсуб меёбад.
Имрӯз дар Донишкада 3 факулта — корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика амал намуда, аз рӯи 16 ихтисоси равияи кӯҳӣ- металлургӣ ва як ихтисоси бакалаврӣ – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот мутахассисон омода карда мешаванд. Донишкада ҳамзамон дар самти таъмин намудани хатмкунандагон бо кори доимӣ бо 46 коргоҳи соҳавӣ-саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






