Чанд корманди кӯдакистони шаҳри Хуҷанд аз гӯшти гови қурбонӣ ба бемории сӯхтанӣ сироят ёфтанд
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 7 нафар кормандони кӯдакистони шаҳри Хуҷанд аз гӯшти гов ба бемории сӯхтанӣ (сиёҳзахм) сироят ёфта, дар беморхонаи клиникии сироятии ин шаҳр бистарӣ мебошанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Аҳроров хабар дод.
Бино бо иттилои манбаъ, баъд аз сар задани ин воқеа аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардида, тафтишот бурда шуд. Муайян гардид, ки як шахси саховатманд чорвои калони шохдорро қурбонӣ карда, онро ба ин кӯдакистон хайр кардааст ва коргарони ин кӯдакистон ҳангоми коркарди ин гӯшт сироят ёфтаанд.
Ба нақли Ф. Аҳроров ҳангоме, ки гӯшт сироятнок аст, имконияти гузаштани ин беморӣ дар вақти коркардаш бештар мебошад. Яъне ин беморӣ тариқи гӯшти хом одамро сироят мекунад. Дар ҳолати нағз тайёр кардани ғизо, ҳамаи он микробҳое, ки дар таркибаш мавҷуданд, нобуд мешаванд ва ин беморӣ ба инсон намегузарад.
«Ҳоло гӯшти ин гов дар озмоишгоҳ ташхис шуда истодааст ва дар муддати кӯтоҳ сабабаш маълум карда мешавад»,- гуфт ҳамсуҳбат.
Ҳамчунин зикр шуд, ки айни ҳол вазъи саломатии ин 7 нафар хуб буда, онҳо зери назорати доимии табибон қарор доранд.
Бино ба иттилои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита дар як сол ду маротиба эмкунии ҳайвонот бар зиддӣ бемории сухтаниро мегузаронад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






