Дар доираи Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ Мактаби тобистонаи иҷтимоӣ — инноватсионӣ ва намоишгоҳи инноватсионӣ доир гардид
ХУҶАНД, 30.08.2018. /АМИТ «ХОВАР»/. Имрӯз дар доираи Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай Мактаби тобистонаи иҷтимоӣ — инноватсионӣ ва намоишгоҳи инноватсионӣ доир шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хабар дода афзуд, ки дар намоишгоҳ ихтироот ва дастовардҳои ҷавонони тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи Мактаби тобистонаи иҷтимоӣ -инноватсионӣ муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорзода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иштирок карданд.
Назира Ғаффорзода ҷавонон ва донишҷӯёни кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ — ро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибтамаддун ва соҳибистиклол муаррифӣ гардидааст. Баргузории чунин фестивали байналмилалӣ ва ба намоиш гузоштани корҳои ҷавонон воситаи вусъат бахшидани имкониятҳо ва рушди зеҳнии дӯстии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва СҲШ ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев, дар соҳаи илм ва эҷодиёт таҷриба ва мубодилаи афкор байни ҷавонон муҳим буда, фароҳам овардани чунин имконият метавонад ба рушди зеҳнии онҳо саҳми босазо гузорад. «Ҷавононе, ки бо илм сару кор доранд, метавонанд бо олимони ҷавони дигар кишварҳо дӯстӣ ва табодули таҷриба кунанд»,- илова намуд номбурда.
Дар идомаи фестивал Конференсияи илмӣ- назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир» баргузор гардид.
Сипас дар толорҳои алоҳида дар мавзӯъҳои «Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизм», «Нақши ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ», «Нақши ҷавонон дар ҳифзи оби тозаи ошомиданӣ», «Рушди ҳаракати волонтиёрӣ дар ИДМ ва СҲШ: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш ҷараён гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия ва Россия иштирок доранд.













Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






