Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор мегардад

Август 30, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 31 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор мегардад. Дар доираи ин ҷаласа имрӯз, 30 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои  гурӯҳҳои кории  Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ оғоз мегарданд.

Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки дар доираи ҷаласаи мазкур мулоқоти дуҷонибаи кории ҳайатҳо низ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, 29 август ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дидан карданд.

Интизор меравад, ки дар доираи ин ҷаласа мулоқоти Вазири  иқтисод ва тиҷорати давлати  Қатар бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардад.

Август 30, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст