Дар ноҳияи Мастчоҳ озмуни «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид
ХУҶАНД, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти унвони «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмун-намоиш баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур дар доираи нақша- чорабиниҳои озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатии «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд.
Дар озмун шумораи зиёди ҳунармандон аз ҳафт ҷамоати ноҳия иштирок карда, маҳсули дастони хешро ба намоиш гузоштанд. Инчунин дар баробари ҳунармандони соҳибтаҷриба шогирдони онҳо-ҷавонписарон ва ҷавондухтарони соҳибзавқу моҳир бо маҳсули меҳнати худ, аз қабили гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, сандуқсозӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, пазандагӣ ва ғайраҳо иштирок намуда, офаридаҳои худро ба маъраз гузоштанд.
Дар рафти чорабинӣ зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории озмуни зерин, пеш аз ҳама, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти занони моҳиру чирадаст, мусоидат намудан ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунармандӣ дар оилаҳо ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеи мебошад.









Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






