Дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми афғон ба кормандони соҳаи ҷангал ҳамла намуд

Август 27, 2018 16:28

ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 26 августи соли равон тахминан соати 15 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62,  РПГ 7В  ҳамла намуда, онҳоро зери оташ қарор медиҳанд.

Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки «дар натиҷаи ҳамла ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов, соли таваллуд 10.02.1956, истиқоматкунандаи н.Фархор ва Давлат Сангинов, соли таваллуд 20.03.1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов, соли таваллуд 26.08.1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори н. Фархор ба тарафи қамишзор фирор менамояд.

«Айни замон бо мақсади пайдо ва несту нобуд намудани гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» корҳои фаврию ҷустуҷӯиро идома дода истодаанд»,-гуфт М. Улуғхоҷаев.

Август 27, 2018 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст