Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол сазовори медалҳои биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ барои «Ҷоми Президенти Қазоқистон» иштирок карда, сазовори мақоми сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардид.
Иштирок дар ин мусобиқаи бонуфуз барои футболбозони навраси мо яке аз марҳалаҳои охирини тайёрӣ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё, ки аз 20 сентябр то 7 октябри соли равон дар Малайзия мегузарад, ба ҳисоб меравад. Дастпарварони сармуррабӣ Зайниддин Раҳимов дар шаҳри Талгари Қазоқистон дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм бо дастаи мунтахаби Қазоқистон (U-17) –мизбонони мусобиқа қувва санҷида бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров тӯбҳоро ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони мамлакат дар бозиҳои пешина бар дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-16) бо натиҷаи 3:0 ғолиб омада, аз дастаи Академияи «Краснодар» бо нишондоди 4:0 мағлуб шуда буданд.
Дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки аз 24-ум то 28-уми август ҷараён дошт, шаш даста-ду дастаи мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Академияи «Краснодар» -и Россия дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат карданд. Дар натиҷа Академияи «Краснодар» соҳиби ҷои аввал ва дастаи мунтахаби Озорбойҷон сазовори мақоми дуввум гардиданд.
Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов ба ҳайси беҳтарин дарвозабон шинохта шуд.
Акнун футболбозони навраси мамлакат моҳи сентябр дар бозиҳои финалии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Малайзия, Япония ва Таиланд қувва месанҷад.








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо






