Фарангис Нуруллохоҷа-набераи Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори идрори Гуггенхайм гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Фарангис Нуруллохоҷа- оҳангсози тоҷики муқими Канада, набераи бастакори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори идрори Гуггенхайм гардид. Дар ин бора дар сомонаи шахсии Фарангис Нуруллохоҷа (http://farangis-nurulla.com/) иттилоъ дода шудааст.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, гранти Фонди таърихии Джон Саймон Гуггенхайм ба шаҳрвандони ИМА, Канада ва Америкаи Лотинӣ, ки дар соҳаи санъат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо фаъолияти худ сазовори истеъдоди фавқулода буданашонро собит кардаанд, супорида мешавад.
Фарангис Нуруллохоҷа дар сомонаи худ зикр кардааст: «Эҷоди мусиқӣ – ин саёҳат ба олами то ҳол кашфнашуда, ҷустуҷӯи оҳанг дар фазое мебошад, ки касе надидааст ва нашунидааст».
Номбурда дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, маълумоти олиро дар Консерваторияи Шветсия гирифтааст ва дар ИМА ва Франсия такмили ихтисос намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Фарангис соли 2017 Ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» («Global music»)-ро низ ба даст оварда буд.
Боиси ифтихор аст, ки Фарангис Нуруллохоҷа бо осораш дили ҳаводорони санъати классикиро дар аксари кишварҳои дунё ба даст оварда, санъати нотакрори тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






