Фестивали тобистонаи Душанбе, «Ғизои болаззат», «Шаҳри афсонаҳо»…-дар Душанбе ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад

Август 14, 2018 08:13

ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ  гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   нақшаи чорабиниҳои мазкур  бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ  таҷлил намудани  ин ҷашни бошукӯҳи мамлакат дар пойтахт  ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони шаҳр роҳандозӣ мегардад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, бахшида  ба ин ҷашни  фархунда  дар  пойтахт баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст. Баргузории Фестивали тобистонаи Душанбе, аз ҷумлаи ин  барномаҳои фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Фестивали мазкур  18 – 19 августи соли равон  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт  баргузор  мегардад.

Дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ин рӯзҳо тамоми тарабхонаҳои пойтахт таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллиро  ба намоиш ва  фурӯш мегузоранд.

Барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла,  бо иштироки ҳунармандони театрҳои  пойтахт  намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод  гардида, онҳо метавонанд дар ин ҷо аспсаворӣ намоянд.

Ҳамчунин дар Фестивали тобистонаи Душанбе баргузории барномаи фарҳангию фароғатӣ  бо иштироки санъаткорони машҳури мамлакат дар назар дошта шудааст.

Август 14, 2018 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад