Имрӯз-Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон. Сохтмончиён ифтихорманданд, ки дар бунёди иншооти таърихии гидроэнергетикии НБО «Роғун» иштирок менамоянд

Август 12, 2018 08:26

ДУШАНБЕ, 12.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон  таҷлил  мегардад. Ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷашн гирифта шуда, соли равон  ба 12 август рост омад. Ғайр аз ин, дар бархе аз мамлакатҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ин рӯзро ҷашн мегиранд.

Сохтмончӣ дар бозори ҷаҳонии меҳнат яке аз ихтисосҳои серхаридортарин ба шумор меравад. Зеро касби ӯ наҷибу пуршараф маҳсуб ёфта, аз инсонҳо на танҳо  донишу таҷриба, балки қобилияту фидокорӣ ва масъулияти баланд талаб менамояд.

Бояд гуфт, ки имрӯз соҳаи сохтмон ба монанди ҳамаи самҳои ҳаёт дар ҳоли рушд қарор дорад. Имрӯз Тоҷикистон ба майдони сохтмон табдил ёфтааст, зеро мардуми он дар фазои сулҳу оромии Ватан ҳамеша баҳри ободиву созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани иди умумимиллӣ- Истиқлолияти давлатӣ  иншооти таъйиноти гуногуни маъмурию фарҳангӣ ва маишию варзишӣ сохта шуда истодаанд.

Соли равон барои халқи тоҷик ва махсусан, сохтмончиёни он соли бобарор ва таърихӣ хоҳад буд. Маҳз бо заҳмати шабонарӯзии иддае аз кормандони ин соҳа, ки бо як ҷаҳон ифтихор ва орзую ормон дар  бунёди иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегии мамлакат — Неругоҳи барқи обии «Роғун» заҳмат кашида истодаанд,  агрегати якуми ин иншоот 16 ноябр ба истифода дода мешавад.

Ба фаъолият оғоз кардани агретаги якуми ин иншооти муҳими мамлакат қадами устувор дар роҳи татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ – расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба НБО «Роғун» сафар карда, коргарони муҳандисию техникии ин иншоотро ҳидоят намуданд, ки ҳар амали сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад. Зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии неругоҳ ба ҳисоб рафта, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода кормандони соҳаи сохтмонро ба рӯзи касбияшон табрик намуда, аз ҷумла гуфт: «Сол ба сол бинокорони мамлакат бо дастовардҳои боз ҳам бештар ва туҳфаҳои арзанда саҳми арзишманди хешро дар ободии диёр, некӯаҳволии мардум ва осоишу шукуфоии Ватан нақши назаррас мегузоранд».

Ӯ дар идомаи суханонаш илова намуд, ки бо заҳмати сохтмончиён тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иншооти зиёди наву замонавӣ бунёд ёфта истодаанд.

«Асосгузори ҳамаи навсозиҳо, ташаббускор ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа ҳамеша дастгирӣ менамоянд»,- зикр кард номбурда.

Ҷамшед Аҳмадзода иброз дошт, ки ҳоло барои рушду инкишофи соҳаи меъмориву сохтмон дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

«Бунёду ободкунии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таҳияи мукаммали нақшаҳои генералӣ вобаста мебошад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаҳои генералӣ марҳала ба марҳала аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд намудани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ, кӯчаҳои васеъ ва хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шудааст»,-гуфт ӯ.

Яке аз чунин нақшаҳое, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид, ин Нақшаи генералии шаҳри Душанбе мебошад.

Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии  пойтахт  ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ  шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр  аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор  гектар  баъди соли 2040  пешбинӣ    гардидааст.

Бояд зикр кард, ки дар пойтахт тайи 2 соли охир тибқи нақшаи мазкур,  корҳои навсозӣ дар боғҳои  фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Боғи кӯдакон ва наврасон», Гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ ва чандин мавзеъҳои дигар ба анҷом расида, имрӯз  ба яке аз марказҳои калони фарҳангию фароғатӣ  ва макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони   пойтахт табдил ёфтаанд.

Муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловиддинов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт: «Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқнамудаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бунёдкориву азнавсозӣ ба роҳ монда шуда, бомаром идома доранд».

Ба гуфтаи номбурда, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат 36 бино пурра таъмиру таҷдид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Шодимурод Аловиддинов дар идомаи суҳбат гуфт: «Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, дар пойтахт дар 92 мавзеъ майдончаҳои варзишӣ ва дар 12 мавзеъ боғу гулгашт сохта шуда истодаанд. То имрӯз сохтмони майдонча 90 фоиз ва корҳои ободониву бунёдкунии боғу гулгаштҳо 60 фоиз иҷро гардидаанд».

Бунёдкориву созандагии шаҳри Душанбе ва зебо гардидани симои пойтахти Ватани маҳбубамон дили ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Зеро дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, яъне дар давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем шаҳрамонро зебо гардонем.

31 майи соли равон Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон  омад. Дмитрий Медведев  тағйиротҳои солҳои охири намуди Душанберо махсус  зикр  кард. «Вақте ба Душанбе  ворид шудам, дидам, ки шаҳр хеле зебо ва бароҳат шудааст»,- гуфт Медведев. Вай афзуд,  ки симои  дигар гирифтани пойтахт- аз хизматҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ғайр аз ин, ҳафтаи равон хабарнигори махсуси «Хабарҳои Ӯзбекистон» (Новостей Узбекистана) Тошпулот Раҳматуллоев аз сафари худ ба Тоҷикистон ва боздид аз шаҳри Душанбе хотироташро нашр намуда, онро «Шаҳри навсозиҳо, шоҳроҳи дӯстӣ ва лолазор» номид.

Аз ҷумла ӯ навистааст: «Пойтахти Тоҷикистонро метавон лолазор номид. Дар онҷо гулҳои хеле зиёд ва гуногун шинонида шудаанд. Инчунин дар шаҳр биноҳои замонавӣ бунёд гардида, корҳои зиёди сохтмонӣ ва бунёдкунӣ давом доранд. Боғу гулгаштҳо ва роҳҳои зебо варақаи боздид аз Душанбе мебошанд».

Таърих, тамаддун ва фарҳангу ҳунармандии ҳар миллатро метавон аз тарзи меъмории биноҳои он баҳо дод. Зеро ҳар меъмор дар ҳар давру замон бо назардошти вазъи вақт ва гузаштаи миллати худ лоиҳа кашида, бино бунёд мекунад, ки он аз як аср ба асри дигар ба мерос гузашта, аз таърихи давлатдории он халқият шаҳодат медиҳад. Инчунин меъморӣ ва ҳунарҳои қадимии дастӣ боиси ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат мегардад. Дар ин самт яке аз меъмориҳои асри 21, ки дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол- шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад, ин Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва рушди таъриху маданияти бой ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик бунёд карда шуд.

Сармеъмори Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии  «Кохи Наврӯз» Самӣ Азизиён, бо вуҷуди ҷавон будани худ дар кораш бомаҳорат мебошад.

Ӯ соли 2007  дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  бо мақсади ҳифз ва гиромидошти ҳунарҳои миллии тоҷикон, ки аз насл ба насл гузашта, то ба мо расидаанд, Чойхонаи «Хуррамшаҳр»-ро лоиҳакашӣ ва бунёд намудааст. Бояд гуфт, ки чойхонаи мазкур он замон дар Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёфт.

Номбурда бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди «Кохи Наврӯз» пардохт ва 19 марти соли 2009 дар арафаи таҷлили иди Наврӯз  аз ҷониби Сарвари давлат хишти аввали сохтмони он гузошта шуд.

Бино бо шакли тоҷ сохта шудааст, ки он нишон аз тоҷдорӣ, сарбаландӣ, соҳибдавлатӣ ва баргузидагии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад.

Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон—шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Он аз 5 ошёна иборат буда, дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст.

Кохи мазкур бо санъати волои тоҷикӣ — гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 4 айвончаи тобистона  ва фаввораҳои рангаи хурду бузург ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшанд.

Толорҳои асосӣ Кох — «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» ном доранд.

Яке аз толорҳои зебои он  «Дидор» ном дошта, дар ошёнаи 1 – уми кох ҷойгир аст. Толор 1108 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати вассаҷуфт, наққошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ ва гаҷкорӣ дар рӯйи оина оро ёфааст.

Тамоми гулҳо ва санъате, ки дар ин толор истифода  бурда шудаанд, нақши сирф тоҷикӣ буда, аз аҷдодонамон ба мо омада расидаанд.  Фарши толор  бо санги хоро ва мармар ороиш дода шуда, дар он низ пурра санъати миллӣ дарҷ гардидааст.

12 сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозир бинои «Кохи Наврӯз» расман ба истифода дода шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин толор бо сарони давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур дар фазои амну осуда ва дӯстию рафоқат дидору мулоқот намуданд.

Дар ин росто,  бинокорони  тоҷик барои  боз ҳам ободу зебо  гардонидани мамлакат, таъмини  шароити арзандаи зиндагии мардуми сарзамин ва муваффақ гардидан ба дастовардҳои беназири меъморию шаҳрсозӣ  бо нияти пок, дили гарм, бозуи қавӣ  ва умед ба фардои дурахшони сарзаминамон- Тоҷикистон  содиқона заҳмат мекашанд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Август 12, 2018 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад