Кӯдакони ношунавои шаҳри Хоруғ ва волидони онҳо аз Вазорати маориф ва илм хоҳиш мекунанд, ки барояшон як синфхона боз кунад
ХОРУҒ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгороне, ки ба таври инфиродӣ ба кӯдакони қобилияти шунавоияшон паст ва ё комилан аз шунидани садо маҳруманд, ба давраи омӯзишии панҷрӯза ҷалб шуданд. Ин давраи омӯзишӣ бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти ҷомеаи кушоди бунёди «Мадад» роҳандозӣ шуда, дар он 8 нафар омӯзгорон ширкат доштанд.
Директори маркази мазкур Саттор Қувватов гуфт, ки «алъон дар шаҳри Хоруғ ягон синфхонаи таълимӣ барои кӯдакони ношунаво вуҷуд надорад ва баъзе аз мутахассисони ин соҳа бо хоҳиши волидон барои фарзандони онҳо дар хона ҳафтае як маротиба ба таври инфиродӣ таълим медиҳанд.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд мактаб-интернатҳои махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият мекунанд, аммо на ҳамаи волидон имкон доранд фарзандони худро ба ин таълимгоҳҳои махсус фиристонанд. Аз ин рӯ, боз кардани як синфхона дар шаҳри Хоруғ барои кӯдакони ношунаво ба мақсад мувофиқ аст».
Раиси Ҷамъияти ношунавоёни вилоят Ташриф Шарифов низ таълими ибтидоӣ барои чунин кӯдаконро зарур медонад ва мегӯяд, ки агар ин кӯдакон калон шаванд, омӯзиши забони ишора барояшон душвор гашта, аз муошират бо ҳамтоёни худ чӣ дар дохил ва чӣ берун аз он дар канор мемонанд.
Забони ишора мисли забони гуфтугӯӣ ба гурӯҳҳо тақсимбандӣ шудааст. Масалан забони ишораи тоҷикӣ, русӣ, франсавӣ ва америкоӣ ба як гурӯҳ шомиланд ва афроди ношунавои ин мамолик метавонанд бо ҳам муошират намоянд. Забони гуфтугӯӣ аз забони ишора комилан тавофут дорад.
Масалан ҳарчанд забони хаттию гуфтугӯии сокинони Америка ва Англия як аст ва шомили як гурӯҳ аст, аммо забони ишораашон ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шудаанд. Вале сарфи назар аз ин агар кӯдакони ношунаво таълими ибтидоӣ дошта бошанд, забони ишораи ҳамтоёни худро аз кишварҳои мухталиф зуд ёд мегиранд.
Ташриф Шарифов низ боз кардани як синфхона барои кӯдакони ношунаворо дар шаҳри Хоруғ муҳим шумурда, аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки дар ҳалли ин масъала ба онҳо кумак намояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






