Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти гумрук, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Донишкадаи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 августи соли ҷорӣ Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти гумрук, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Донишкадаи идоракунии давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» баргузор мешавад.
Роҳбарияти Хадамоти гумрук соати 9 дар маҷлисгоҳи Хадамоти мазкур бо намояндагони ВАО мулоқот мекунанд.
Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.
Ҳайати ректорат ва устодони Донишкадаи идоракунии давлатӣ соати 14 дар толори ММҶ «Ховар» бо намояндагони ВАО мулоқот мекунанд.
Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 15 дар маҷлисгоҳи ШСХК «Барқи Тоҷик» баргузор мешавад.
Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






