Лука Модрич беҳтарин футболбози Аврупо эълон гардид

Август 31, 2018 09:25

ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми гузашта дар шаҳри Монакои Франсия ниммуҳофизатгари хорватии клуби шоҳонаи «Реал»-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Хорватия Лука Модрич беҳтарин футболбози УЕФА дар мавсими футболи 2017-2018 эълон гардид.

Дар ин бора Созмони Хадамоти матбуоти Федартсияи футболи Аврупо хабар медиҳад. Барои унвони беҳтарин футболбози Аврупо ба ғайр аз  Модрич, инчунин Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул» ва дастаи мунтахаби Миср) ва Криштиану Роналду («Реал», «Ювентус» ва дастаи мунтахаби Португалия) низ даъвогар буданд.

Лука Модрич бо «Реал» мавсими гузашта соҳиби Ҷоми Лигаи чемпионҳо ва бо дастаи мунтахаби Хорватия соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати ҷаҳон гардида буд. Ба замми ин, Модрич ба ҳайси беҳтарин бозингари Чемпионати ҷаҳони соли 2018 дар Россия интихоб шуд.

Август 31, 2018 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад