«МАВҚЕЪ»: БАРНОМАИ ТАҲЛИЛИИ ХУРШЕДИ ХОВАР (ҲАМДАМ) ДАР РАДИОИ «FM ХОВАР» (Нашри шашум)
Муҷрӣ: Сохтмони муштараки НБО дар дарёи Зарафшон сароғози муносибатҳои тиллоии дӯстона миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад.
Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳимтарин масъалае, ки ҳалли он давоми ду даҳсолаи дароз ба ченаки асосии муайянкунандаи муносибатҳо байни кишварҳои минтақа мубадддал гаштаву ҳатто омили амнияту суботи минтақа ба он, яъне захираҳои обӣ-энергетикӣ вобаста карда мешуд, ба таври мусбат, мустақим, қобили қабулу манфиатбахши ҷонибҳо баррасӣ карда шуд, ки барои коршиносони минтақавиву ҷаҳонӣ ғайриинтизор буд.
Ин буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба омӯзиши масъалаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар қаламрави Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон ба мувофиқа расиданд. Роҳбарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ супориш доданд, ки масъалаи истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез ба манзури таъмини ниёзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Албатта ин созиш дар чанд даҳсолаи ахир беназир аст. Суоли мавриди назар ин аст, ки сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон ва истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез аз чӣ аҳамияте бархӯрдор аст?
Ба манзури посух ба ин ва дигар саволҳо ба студияи «Радиои Ховар» сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ Сорбон ХОЛМАҲМАДЗОДА, муовини сардори Сарраёсати масъалаҳои кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ Мақсуд МУБОРАКШОЕВ ва коршинос Абдуҳамид ҚАЮМОВро даъват намудем.