МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶОМЕА ДАР ДАНҒАРА: ба онҳое, ки ҷиҳати ифшои гунаҳгорони амали террористӣ ба мақомот кумак намуданд, мукофотҳо тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Лолазор ва Лоҳури ноҳияи Данғара мулоқоти Гурӯҳи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо фаъолон ва аҳли ҷомеа доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ноҳияи Данғара иттилоъ дод.
Дар мулоқот инчунин Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидализода ва роҳбарону намояндагони дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор, фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғара ширкат намуданд.
Зимни мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия, ки дар рӯзи содир шудани амали террористӣ ва баъди он ба зарардидагон — сайёҳони хориҷӣ дасти мадад дароз намуда, бо мақомоти ҳифзи тартибот ва қонун ҷиҳати саривақт ошкор намудани омилони ин ҷинояти ваҳшиёна ҳамкорӣ ва мусоидат карданд, изҳори ташаккур намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо кумаку дастгирии сокинони ноҳия ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии онҳо дар муддати кӯтоҳ ҳадафҳои шум ва зерипардагии ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат аз ҷониби мақомоти амниятӣ, ки дар ин куштори ваҳшиёна даст дошт, рӯи об бароварда шуд.
Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидализода ба сокинони алоҳидаи ноҳия, ки дар ин бобат аз ҳама бештар фаъолият нишон додаанд, мукофотҳо тақдим намуд.
Фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғара ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки мақсади террористон дар тамоми нуқоти олам тарс додану ба итоат даровардани мардум аст, вале сокинони Данғара, вилояти Хатлон ва саросари Тоҷикистон аз чунин кирдори зишти нохалафон тарс нахоҳанд дошт, минбаъд бештар аз пештар ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду ҷадал ба кор мебаранд ва ҷашни дарпешистодаи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегиранд.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






