Мулоқоти директори АМИТ «Ховар» бо роҳбарони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон
ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 27 августи соли равон дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Ховар» мулоқоти директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо роҳбарони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шуд.
Дар мулоқот бо директори АМИТ «Ховар» президенти Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон, генерал-майори мустаъфӣ Саид Холид Амир Ҷаъфарӣ, директори иҷроияи Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон Холид Таймур Акрам, сармуҳаррири рӯзномаи «Daily Herald Tribune», узви Раёсати мушовараи Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон Ғулом Акбар ва намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, онҳоро бо таърих ва фаъолияти АМИТ «Ховар» ба таври мухтасар шинос кард.
Дар навбати худ, роҳбари ҳайати меҳмонон низ оид ба фаъолияти Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегӣ, хусусан равобити ин Марказ бо воситаҳои ахбори оммаи Покистон, ҳамкории он бо агентиҳои иттилоотии давлатҳои кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон — Ӯзбекистон ва Чин, тартиби кори рӯзномаи «Daily Herald Tribune» маълумот пешниҳод намуданд.
Ҷонибҳо масъалаи ҳамкории судманд миёни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии Покистон «Associated Press of Pakistan» (APP)-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Намояндагони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон изҳори хоҳиш намуданд, ки байни ин Марказ ва АМИТ «Ховар» низ созишномаи ҳамкорӣ имзо карда шавад. Директори АМИТ «Ховар» ин пешниҳодро хуш қабул карда, иброз намуд, ки лоиҳаи созишнома омода ва пас аз омӯзиш ва мувофиқа бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин имконияти роҳандозӣ кардани ҳамкорӣ миёни АМИТ «Ховар» ва рӯзномаи «Daily Herald Tribune» баррасӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндагони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мавзеҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан намуда, бо роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мулоқот доир намуданд.
Пагоҳ мулоқоти ин ҳайат бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар назар дошта шудааст.








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






