Мушовири Сарвазири Покистон дар бораи Тоҷикистон китоб менависад
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сардабири рӯзномаи «Daily Herald Tribune»-Покистон Ғулом Акбар, ки ҳамзамон мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон таъйин шудааст, дар бораи Тоҷикистон китоб навишта, кишвари моро ба ҷомеаи 220- миллионнафараи Покистон муаррифӣ менамояд.
Ғулом Акбар, ки ҳамчунин узви аршади Раёсати мушовараи Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад, дар ҳайати кормандони Маркази мазкур ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
Вай дар мулоқоти ҳайати покистонӣ бо директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ 27 август дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки аз моҳи апрели соли равон ба навиштани китоб, ки фарогири дастовардҳои Ҷумҳурии соҳибистиқоли Тоҷикистон, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аст, оғоз намудааст.
Китоби Ғулом Акбар бо забонҳои тоҷикӣ, урду, русӣ ва англисӣ нашр гардида, интизор меравад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод муаррифӣ гардад.
Бояд зикр кард, ҳайати покистонӣ таҳти роҳбарии президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерал –майори мустаъфӣ Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ ба Тоҷикистон омада, бо роҳбарони бархе аз идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири вазоратҳои корҳои хоричӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» мулоқот намуда, масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкориро миёни ду кишвари дӯст матраҳ намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






