Намояндагон-хабарнигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ аз Қалъаи Ҳисор ва боғҳои шаҳдбори ангур дидан мекунанд
ДУШАНБЕ, 11.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ рӯзҳои 10-11 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайру сайёҳат — пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода ташкил карда мешавад. Субҳи имрӯз намояндагони ВАО-и кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор сафар карданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар», ки ин гурӯҳи рӯзноманигоронро ҳамроҳӣ мекунад, хабар дод, зимни боздид аз ин макони тамошобоб меҳмонон бо таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ошно шуда, боз як бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо бозёфту осори нодири худ дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим бозидааст.
Ҳангоми тамошои ин макони сайёҳиву таърихӣ, ки зери роҳбаладии масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, оид ба таърихи бунёди Қалъаи Ҳисор ва давраҳои гуногуни он маълумоти зарурӣ пайдо намуданд. Тамошои ин мавзеи таърихии кишвар ба рӯзноманигорон таассуроти зиёд бахшид.

Ба иттилои манбаъ, ба меҳмонон тартиби қабулу гусели сайёҳон, пешниҳод намудани ҷойҳои истироҳатӣ, ҳамчунин намунаи ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки дирӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, баррасии мушкилоти мавҷуда, муҳокимаи масъалаҳои муҳими соҳа, роҳҳои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар ин бахш, омӯзиши таҷрибаи судманд маънидод карда шуд.
Тибқи нақша нимаи дуюми рӯз меҳмонон аз боғҳои ангури ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода боздид карда, бо навъҳои гуногуни ангур, ки дар водии Ҳисор парвариш карда мешавад, шинос мегарданд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






