ОБУ ҲАВО: То охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳавои софу беғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор буда, ҳарорат шабона то 2-3 ва рӯзона то 1-2 дараҷа паст мешавад. Ингуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 7+12, рӯзона 25-30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-7 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона +26+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ карда шуда, шабона +14+16 ва рӯзона +31+33 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид






