ОМӮЗГОРОНИ РУС ВОРИДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ШУДАНД. Дар соли хониши нав 51 нафари онҳо дар мактабҳои Тоҷикистон дарс хоҳанд гуфт

Август 31, 2018 20:02

ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза қабл омӯзгорони фанҳои гуногун аз Федератсияи Россия ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ворид шуданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи Далер, ки дар маросими пешвози омӯзгорон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе қарор дорад, иттилоъ дод.

Ба иттилои номбурда, меҳмонон-омӯзгорони русро намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешвоз гирифтанд.

Тибқи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Россия, ҷониби Россия  соли хониши 2018 – 2019 26 омӯзгори фанҳои гуногунро  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон кард. Соли хониши 2017-2018 аз ин мамлакат 29 омӯзгор ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ки аз ин шумора 8 нафарашон ба Федератсияи Россия баргашта, 21 нафар дубора корашонро идома медиҳанд. Дар  соли хониши нав 51 нафар омӯзгори рус дар макотиби Тоҷикистон дарс хоҳанд гуфт.

Ба иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони рус ба муассисаҳои таълимии тамоми минтақаҳо тибқи талаботи онҳо сафарбар карда мешаванд.

Маоши омӯзгоронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мувофиқати ду кишвар пардохт карда, бахши иловагии маблағҳои онҳоро Вазорати маорифи Россия пардохт мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад.

«Дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо  дода шудааст. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ  Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд»,-илова намуданд Роҳбари давлат.

31 майи соли равон Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев дар шаҳри Душанбе  зимни изҳороти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки кишвараш омӯзгори фанҳои гуногунро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон мекунад.  Аз рӯи гуфтаҳои ӯ дар соли хониши 2018-2019  барои Тоҷикистон 618 адад стипендияҳои давлатӣ ҷудо гардида, дар мактабҳои маҳаллӣ барномаҳо ва стандартҳои таҳсилотии Россия истифода бурда мешаванд.

Бино ба маълумоти расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли таҳсили 2017 – 2018 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ  8 ҳазору 536 нафар омӯзгор аз фанни забони русӣ дарс гуфтанд, ки аз ин шумора 7 ҳазору 193 нафарашон омӯзгори ихтисосманд мебошанд.

Август 31, 2018 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад