Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ходимони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони фарҳанг, илм ва тандурустии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид
ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо фармоне аз 29 август як қатор ходимони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони фарҳанг, илм ва тандурустии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Дар ин бора Агентии миллии Ӯзбекистон «УзА» хабар медиҳад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд.
Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Тошпӯлод Гулмуродов – мудири кафедраи кардиохирургияи Донишкадаи таҳсили баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустӣ бо ордени «Меҳнат шуҳрати» қадршиносӣ шуданд.
Бо ордени «Дустлик» («Дӯстӣ») Алӣ Муҳамадиев — мудири шуъбаи Фонди мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ифтихор Ҷӯраев — сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Марупов — сарходими Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон ва Ҳасан Бердиқулов — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфарозонида шуданд.
Адҳам Холиқов — роҳбари бадеии Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ» ва Давлатманд Холов — роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадрдонӣ шуданд.
«Мукофотҳо «барои саҳми сазовор дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои бародари Ӯзбекистону Тоҷикистон, фаъолиятҳои самарабахш ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҳифз ва такмили мероси таърихии умумӣ, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳо, хизмати шоиста дар рушди ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва шарикии стратегии кишварҳои мо» сарфароз гардонида шуданд», — омадааст дар сомонаи «УзА».








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






