РӮШОН: корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9 бомаром ҷараён доранд

Август 27, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон бунёди иншооти гуногуни аҳамияти иҷтимоиву иқтисодидошта, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, маркази саломативу беморхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, кошонаи ҳусн, чойхона, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва ғайра  бомаром идома дорад. Бинои нави муассисаи таълимии рақами 9, аз ҷумлаи иншоотест, ки бо харҷи 15 миллион сомонӣ  аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони бинои мактаб бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, дар арафаи соли хониши 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.  

Ба нақли манбаъ, ин мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, он аз ду бинои дуошёна ва як сеошёна иборат мебошад. Ин биноҳо фарогири синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳ, китобхонаи электронӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва низоми марказонидаи гармидиҳӣ хоҳад буд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Евро-строй Т», ки сохтмони бинои мактабро бар ӯҳда дорад, бо ҷалби  36 нафар коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ корҳои сохтмониро дар иншооти таълимӣ пеш мебаранд. Онҳо ҷаҳду талош доранд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд то муҳлати муайянгардида ба анҷом расонанд.

Мавриди зикр аст, ки бинои кӯҳнаи таълимгоҳ 50 сол қабл сохта шуда, ба низоми таълими муосир ҷавобгӯ набуд.

Август 27, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст