Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мушакборон кардани қаламрави Афғонистонро рад кард
ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 26 августи соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, бо яроқҳои оташфишон ба тарафи автомашинаи «Нива» ҳамла намуданд.
Дар робита ба ин қазия Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба унвонии АМИТ «Ховар» изҳороти расмӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
«26 август, соати 15:00 аз минтақаи таҳти назорати отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар ноҳияи Фархор як гурӯҳи 10-12 — нафараи номаълуми афғон ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз 50 то 100 метр вориди хоки Тоҷикистон шуданд».
Ба иттилои сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев, шахсони мусаллаҳ ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62, РПГ 7В оташ мекушоянд.
«Дар натиҷаи ҳамла ду корманди хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов ба тарафи қамишзор фирор менамояд»,-гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол дар баъзе аз воситаҳои ахбори омаи дохил ва хориҷи кишвар матлабҳои нашр гардид, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз чархболу ҳавопаймо баъзе минтақаҳои Афғонистонро ҳадафи мушакборон қарор додааст.
Ин матлабро сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев рад намуда, зикр кард, ки «дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон ягон чархбол ё ҳавопаймо истифода нашудааст. Дар айни ҳол дар минтақаи сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёт барои ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳи мусаллаҳи афғон идома дорад».








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






