Шарофат Эрматова: «Аз истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон сарамон ба фалак расид»
ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Аз меҳру муҳаббат, самимият ва истиқболу меҳмоннавозии тоҷикон сарамон ба афлок расид»,- чунин гуфт дар ҷамъи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Маркази миллии тоҷикони Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, ки дар ҳайати гурӯҳи журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ, ки дар «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» доир гардид, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Ализода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатулло Исмоилзода доир ба робитаҳои мутақобилан судманди ду давлати ҳамсоя ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати ташаббусҳои наҷиби Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду давлат вориди марҳилаи нав гардиданд, ки ин раванд аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.
Дар ҷамъомад инчунин раиси Маркази миллии тоҷикони Ӯзбекистон доир ба фаъолияти маркази мазкур ва нақши он дар таҳкими робитаҳои дӯстиву бародарӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози назар намуд.
Зикр шуд, ки ҳамзамон дар нуҳ вилояти Ӯзбекистон чунин марказҳои фарҳангӣ созмон дода шуда, алҳол дар Ӯзбекистон 245 мактаби тоҷикӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ факултаи филологияи тоҷик амал намуда, дар донишгоҳҳои давлатии шаҳрҳои Термиз ва Фарғона гурӯҳҳои тоҷикӣ ташкил карда шудааст.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд байни ВАО-и ҳар ду кишвар матраҳ гардид. Бояд зикр кард, ки гурӯҳи калони ходимони фарҳанг ва хабарнигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 август бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадафи сафар омодасозии маводҳо ва наворҳо барои воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/ Ӯзбекистон дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар доираи ин сафар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо зиндагии мардум дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ошно гардида, аз марказҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон назири Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ТВ «Варзиш», Қалъаи Ҳисор ва дигар корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон боздид намуданд. Сафари ҳайати рӯзноманигорони ӯзбек ба Тоҷикистон то 11 август идома ёфта, имрӯз ба вилояти Хатлон сафар менамоянд.


















НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






