Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонид

Август 31, 2018 17:38

ДУШАНБЕ, 31.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонид.

Аз ҷумла, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд.

Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Тошпӯлод Гулмуродов – мудири кафедраи кардиохирургияи Донишкадаи таҳсили баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустӣ бо ордени  «Меҳнат шуҳрати» қадршиносӣ шуданд.

Бо ордени «Дустлик» («Дӯстӣ») Алӣ Муҳамадиев — мудири шуъбаи Фонди мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ифтихор  Ҷӯраев — сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Марупов — сарходими Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон ва Ҳасан Бердиқулов — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфарозонида шуданд.

Адҳам Холиқов — роҳбари бадеии Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ» ва Давлатманд Холов — роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадрдонӣ шуданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 августи соли 2018 шахсони зикршуда, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 30 август дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ — 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.

Абдулло  Орипов — Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II сарфароз шуданд.

Шавкат Ҳамроев — Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ордени “Шараф” дараҷаи I, Зокирҷон Алматов — мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Абдуваҳҳоб Воҳидов — раиси маркази фарҳанги миллии тоҷики вилояти Самарқанд, Исмоил Ҷурабеков — мушовири Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тухтамиш Тухтаев — мудири шуъбаи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва Таваккал Чориев — профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро, бо Ордени “Дӯстӣ” қадршиносӣ гардиданд.

Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бошад, Шералӣ Ҷураев — ҳофизи муассисаи давлатии “Узбекконсерт” ва Мавлуда Халилова — ходими калони илмии шуъбаи “Устод — шогирд мактабӣ»-и Маркази миллии ӯзбекии санъати мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон”сарфароз гардиданд.

 

Август 31, 2018 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Узбекистон ба шарафи 34-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар Риёз масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаи рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва САҲА баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Гурҷистон имконияти нави ҳамкорӣ байни минтақаҳои ду давлатро баррасӣ намуданд
Дар Теҳрон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бағдоди Ироқ таҷлил карда шуд
Робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Ироқ тақвият меёбанд
Дар Москва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон таҷрибаи Донишкадаи дипломатия ва робитаҳои хориҷии Малайзияро мавриди омӯзиш қарор дод
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Дар Душанбе мулоқот оид ба рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон доир гардид