«СИПОСГУЗОРЕМ!». Шуъбачаи сайёҳии милитсияи ВКД мушкили шаҳрванди ИМА-ро фавран ҳал намуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ман аз таъсис ёфтани шуъбачаи сайёҳии милитсия дар Тоҷикистон бисёр хурсанд шудам ва шоҳид гардидам, ки онҳо ба кумаки шаҳрвандони хориҷӣ фавран расидагӣ намуда, мушкилоти онҳоро ҳал мекунанд».
Ин нуктаро шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка Матю Пушел, ки ҳамроҳи оилааш ва кӯдаки хурдсолаш бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаву ҳамён ва ҳуҷҷатҳои худро дар дохили автомашинаи сабукрави таксӣ фаромуш намуда, бо кумаки кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ пайдо кардааст, зикр намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд, шаҳрванди ИМА Матю Пушел, ки ҳамроҳи завҷа ва кӯдаки хурдсолаш бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, дар дохили автомашинаи сабукрави таксӣ, тамғаи «ДЭУ-ЛАНОС», рақами қайди давлатиаш 5027 ЕМ 01 РТ, таҳти идораи ронанда Муҳаммад Изатуллоев ҳамён ва ҳуҷҷатҳои худро фаромуш мекунад.
Номбурда дар дар буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ-Теҳрони шаҳри Душанбе ба чор тараф давида, чӣ кор кардани худро намедонад. Дар ин вақт автомашинаи «Шуъбачаи сайёҳии милитсия»-и Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилиро дида, ба онҳо муроҷиат мекунад ва асли воқеаро мефаҳмонад.
Кормандони шуъбачаи сайёҳӣ онҳоро фавран ба Маркази «Шаҳри бехатар» оварда, автомашинаи таксиро пайдо мекунанд ва дар муддати кӯтоҳ ҳамён ва ҳуҷҷатҳои ӯро бармегардонанд.
Чӣ тавре, ки Матю Пушел дар суҳбат изҳор доштааст: «Ин хатогии худам буд, ки ҳамён ва ҳуҷҷатҳоямро дар таксӣ фаромуш кардам ва ҳеҷ боварӣ надоштам, ки онҳоро меёбам. Вале бо кумаку дастгирии кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсия онҳоро дар дар муддати 20 дақиқа ёфтам. Бовар мекунед, вақте онҳоро ба ман баргардониданд, ман аз хурсандӣ ашк рехтам, чунки гум кардани онҳо барои ман як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Зеро бо аҳли оилаам пагоҳ бояд ба Америка баргардем. Мо барои сафар чипта харида, омодагӣ мегирифтем»,- гуфтааст ӯ.
Сипас, сайёҳи хориҷӣ Матю Пушел изҳор намуд, ки ин маротибаи дуюм аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамошо меояд ва таассуроти худро чунин иброз намуд: «Ман ба шаҳрҳои Исфара, Бохтар, Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон бо мақсади сайёҳӣ сафар намуда, аз меҳмоннавозӣ, обу ҳаво ва табиати зебои Тоҷикистон лаззат бурдам ва ба ваҷд омадам. Мардуми тоҷик бисёр мардуми хубу бофарҳанг ва меҳмоннавоз ҳастанд ва ман дар бораи онҳо, сулҳу субот, тинҷию амонӣ ва табиати дилпазири Тоҷикистон ҳатман ба ҳамватанон ва ёру дӯстонам нақл мекунам.
Матю Пушел ҳамчунин изҳор намуд, ки аз таъсис ёфтани шуъбачаи сайёҳии милитсия дар Тоҷикистон бисёр хурсанд шудааст ва дар таҷрибаи худ дид, ки нозирони ин сохтор ба кумаки шаҳрвандони хориҷӣ фавран расидагӣ намуда, мушкилоти онҳоро ҳал мекунанд. «Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ барои таъсис додани полиси сайёҳӣ изҳори сипос менамоям», — гуфт ӯ.
Бояд зикр намуд, ки шуъбачаи сайёҳии милитсия бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти корҳои дохилӣ нав таъсис ёфта, дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият менамояд. Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.
Вазифаҳои онҳо аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳони хориҷӣ, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кумак расонидан ва ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо ва содир гардидани ҷиноят нисбат ба сайёҳон иборат аст.
Ҳамчунин, агар лозим шавад, бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






