«Суҳбатномаи нақлиёти шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ» ва «Ғизонома»- туҳфаи Кумитаи забон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ «Суҳбатномаи нақлиёти шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ» ва «Ғизонома» — ро бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия кард. Дар ин бора Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода имрӯз, 1 август зимни нишасти хабарии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Г. Шарофзода, «Суҳбатномаи нақлиёти шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ» бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба чоп мерасад, ки роҳнамои хубе барои шаҳрвандони Тоҷикистон, алалхусус сайёҳони хориҷӣ хоҳад буд. «Бо истифода аз китобчаи мазкур шаҳрвандон, бахусус сайёҳони хориҷӣ ба осонӣ ҷойҳои лозимаро пайдо мекунанд. Китобчаи «Ғизонома» бошад, ба сайёҳои дар бораи хӯрокҳо ва ошхонаҳо маълумот медиҳад», илова намуд номбурда.
Масъулони Кумитаи забон мегӯянд, ҳамчунин ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» дар ду ҷилд таҳия ва чоп хоҳад шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






