То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 40 иншоот сохта мешавад

Август 1, 2018 11:36

ТУРСУНЗОДА, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Турсунзода сохтмони 40 иншооти аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ дошта  ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 10  ададаш дар арафаи ҷашни 27 –солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз намуд.

Ба маълумоти номбурда, дар нимсолаи якуми соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 252 миллиону 234 ҳазор сомонӣ  баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр  ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ маҳсулот зиёд  истеҳсол намудаанд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёнаи шаҳр дар ин давра аз тарафи филиалҳои бонкҳо  ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд  ба 10 884 нафар  ба маблағи 85 миллиону 721,4  ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 21 миллиону 353 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Август 1, 2018 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст