Қуръакашӣ гурӯҳҳои Лигаи чемпионҳои Аврупоро муайян кард

Август 31, 2018 10:25

ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашӣ шоми дирӯз дар шаҳри Монакои Франсия гурӯҳҳои Лигаи чемпионҳои Аврупоро  дар мавсими нави футболи 2018-2019 муайян кард. Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳаи футбол, имсол бозиҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо нисбат ба солҳои пешин пешгӯинашаванда хоҳанд буд.

Чемпиони се соли охири Лигаи чемпионҳои Аврупо -клуби шоҳонаи  «Реал»-и Мадрид бе Зениддин Зидан ва Криштиано Роналду оё метавонад мавқеи чемпиониро дар мавсими нав нигоҳ дорад ва мудаии асосии Ҷом бошад?

Дар ин самт фикрҳо гуногунанд. «Ювентус», «Манчестер Сити», «Барселона», ПСЖ ва финалисти соли гузашта «Ливерпул» омодаанд, ки Ҷоми Лигаи чемпионҳоро болои сари худ бардоранд ва чемпиони феълиро аз мақом барканор созанд.

Натиҷаи қуръакашӣ дар гурӯҳҳо мавқеи садрнишинонро ба як маъно муайян кард. Дар гурӯҳи «А» «Атлетико»-и Мадрид ва «Боруссия»-и Дортмунд, дар гурӯҳи «В» «Барселона» ва «Тоттенҳем», дар гурӯҳи «С» ПСЖ ва «Ливерпул», дар гурӯҳи «D» «Порту»  ва «Шалке», дар гурӯҳи «Е» «Бавария» ва «Бенфика», дар гурӯҳи «F» «Манчестер Сити» ва «Шахтёр», дар гурӯҳи «G» «Реал» ва «Рома» ва дар гурӯҳи «H» «Ювентус» ва «Манчестер Юнайтед» даъвогарони асосии унвони чемпионӣ мебошанд. Аммо дигар дастаҳое, ки ба гурӯҳҳо  шомил шудаанд, оддӣ нестанд ва метавонанд ҳар лаҳза ҳангомаро барои мухлисони футбол эҷод намоянд.

Бозиҳои аввали Лигаи чемпионҳои Аврупо 18-19-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳоло ба натиҷаи қуръакашӣ таваҷҷуҳ кунед.

Гурӯҳи А: «Атлетико» (Испания), «Боруссия» Д (Олмон), «Монако» (Франсия), «Брюгге» (Белгия).

Гурӯҳи B: «Барселона» (Испания), «Тоттенҳэм Хотспур» (Англия), «ПСВ Эйндховен» (Ҳолланд), «Интер» (Италия).

Гурӯҳи C: «ПСЖ» (Франсия), «Наполи» (Италия), «Ливерпул» (Англия), «Срвена Звезда» (Сербия).

Гурӯҳи D: «Локомотив» (Россия), «Порту» (Португалия), «Шалке-04» (Олмон), «Галатасарай» (Туркия).

Гурӯҳи E: «Бавария» (Олмон), «Бенфика» (Португалия), «Аякс» (Ҳолланд), АЕК (Юнон).

Гурӯҳи F: «Манчестер Сити» (Англия), «Шахтёр» (Украина), «Лион» (Франсия), «Хоффенхайм» (Олмон).

Гурӯҳи G: «Реал» (Испания), «Рома» (Италия), ССКА (Россия), «Виктория» Плзен (Чехия).

Гурӯҳи H: «Ювентус» (Италия), «Манчестер Юнайтед» (Англия), «Валенсия» (Испания), «Янг Бойз» (Швейтсария).

 

Август 31, 2018 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд