21 СЕНТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Ҷаҳониён мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро намунаи ибрат медонанд

Сентябрь 21, 2018 11:21

ДУШАНБЕ, 21.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 21 сентябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ин рӯзи соли 1981 Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади арҷгузорӣ ва таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон қатъномае қабул намуд, ки ба ин ид асос гузошт. Бояд гуфт, ки иди мазкур аввалҳо душанбеи сеюми моҳи сентябр ҷашн гирифта мешуд. Бо гузашти вақт ва муҳимияти ин рӯз Ассамблеяи генералии СММ қатъномаи дигари худро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2002 инҷониб 21 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд таъмини сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба онро яке аз масъалаҳои муҳими замон мешуморад. Зеро маҳз бо сулҳу салоҳ ҷомеаи мутамаддин метавонад пеш равад. Имрӯз ҷаҳониён аз мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, онро намунаи ибрат медонанд.

19 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зикр намуданд, ки «мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем…

Маҳз ба шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардем».

Зимнан Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд ҳамеша ҷонибдори сулҳ ва оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дар ин бора Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   пайваста дар баромадҳои худ аз минбарҳои ташкилоти бунуфузи олам баромад ва пешниҳоди созанда манзур менамоянд.

Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша оид ба таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор, таҳкими низоми сиёсии навин, эҳё ва бозсозӣ, пешрафт ва саодати мардуми шарифи Афғонистон сухан карда, ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самт ба ҳамкорӣ даъват менамоянд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, 27 апрели соли 2005 дар Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аълоҳазрат Бобои миллат — Муҳаммад Зоҳиршоҳ мулоқот намуданд.

Дар ҳузури Муҳаммад Зоҳиршоҳ Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд» сарфароз гардонид.

Лидерони сиёсии ҷаҳон мактаби сулҳофарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намунаи ибрат медонанд. Онҳо баҳри таҳкими сулҳу дӯстӣ ва дастгирии пешниҳодҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оромию рафоқат дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон омодагии ҳамаҷонибаи худро изҳор доштаанд, ки чанде аз ин андешаҳоро пешкаши хонандагон мегардонем.

Моҳи марти соли гузашта Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ба муносибати 25-солагии узвияти Тоҷикистон ба бонуфузтарин ташкилоти байналмилалӣ — СММ ба Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ман шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин ба муносибати таҷлили 20-солагии истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ табрик мегӯям. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад».

Соли 2015 Президенти Федератсияи Роосия Владимир Путин Роҳбари давлати моро  бо Рӯзи истиқлолият табрик намуда, аз ҳамкории гуногунҷанбаи ду мамлакат, ки дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ босуръат рушд мекунад, изҳоир қаноатмандӣ намуд.  Владимир Путин гуфт: «Россия саъю кӯшишҳои роҳбарияти Тоҷикистонро барои таъмини субот ва амнияти минтақа, пешгирӣ намудани кӯшишҳои нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд».

Соли гузашта, Си Ҷинпин — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар  номаи табрикотии худ ба унвони Пешвои миллат халқи тоҷикро ба муносибати 26- солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, чунин иброз дошт: «Дар давоми 26 соли истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва рушди босуръати иқтисодӣ ба назар мерасад, сатҳи зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар мешавад, нуфуз дар корҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баръало боло меравад. Ҷониби Чин аз ин самимона хушҳол аст».

Соли 2014 Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Барак Обама  дар иртибот ба бистусеюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешуд: «Иёлоти Муттаҳида аз шарикии муназзами худ бо Тоҷикистон- шарикие, ки барои дастгирии сулҳ, субот ва шукуфоии тамоми минтақа аҳамияти ҳаётан муҳим доштани худро идома медиҳад, мефахрад».

 Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

 

 

Сентябрь 21, 2018 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад