29 СЕНТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ: тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ сабаби гирифторӣ ба ин беморӣ мегардад

Сентябрь 29, 2018 13:17

ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 29 сентябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳониидил    (World Heart Day)  таҷлил карда мешавад. Бо мақсади пешгирӣ ва огоҳӣ аз хатари ин беморӣ соли 1999 бо ибтикори Федератсияи умумиҷаҳонии  дил ин рӯз    ташкил гардида буд, ки ин иқдомро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд. Солҳои аввал ин рӯз якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегашт. Аз соли 2011 инҷониб ин рӯзро   29 сентябр баргузор менамоянд.

Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест. Солҳои охир   дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро бемории cактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро аз байн мебарад.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар»  мудири бахши бемориҳои музмини ишемиявии дили Маркази ҷумҳуриявии  клиникии  бемориҳои дил  Баҳодур ЗОКИРОВ  зикр намуд,   сабабҳои асосии ин беморӣ- баландшавии фишори хун,  болоравии холестерин ва глюкоза дар хун,

диабети қанд, сигор кашидан,  вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошанд.

«Тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар   вобаста мебошад.   Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани  меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад. Норасоии кислород дар бофтаҳо гипоксия ном дорад. Дар илми тиб ин равандро ишемия меноманд.  Бемории инфаркт  дар натиҷаи қатъ гардидан ё вайроншавии гардиши хун ба амал меояд»,- зикр намуд ҳамсуҳбат.

Ба гуфтаи табиб,  солҳои охир бемории дил ҷавон шудааст. Ҳоло ин беморӣ  дар байни ҷавонон бештар дида мешавад. Сабаби асосии он тарзи нодурусти ҳаёт, зиёд кашидани  сигор ва истеъмоли барзиёди машрубот мебошад. Ҳамин тарзи нодурусти ҳаёт миёни  ҷавонон баъдтар  ба гирифторӣ ба бемории дилу рагҳои хунгард оварда мерасонад. Аз ин рӯ, барои дучор нашудан ба ин бемории хатарнок     ҳар як шахс бояд    аз овони хурдсолӣ ба варзиш машғул шавад ва ғизои солим истеъмол намояд.

Тибқи маълумоти Федератияи байналмилалии дил, агар ҳар як шахс тарзи ҳаёти солимро пеш барад, ғизои дуруст истеъмол намояду ҳаракати ҷисмонии бештар дошта бошад, то   80 фоизи сабабҳои  ин бемориро,  ки ба марг оварда мерасонанд,  пешгирӣ карда метавонад.

Ҳамсуҳбати мо инчунин зикр намуд, ки  «баҳри пешгирии ин гуна мушкилоте, ки дар байни ҷавонон мушоҳида мешаванд,  яъне тарзи нодурусти ҳаёт мо, мутахассисони соҳаи тиб пайваста бо ҷавонон ва он нафароне, ки бо мушкилии худ   муроҷиат мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем.  Инчунин дар ҳама муассисаҳои тиббӣ банерҳо бо шиорҳои гуногун, ки шахсро ба тарзи ҳаёти солим даъват мекунанд, овезон карда шудаанд».

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, омилҳое ҳастанд, ки метавонанд таҳти назорат бошанд  ва пешгирӣ шаванд. Якеи он  тамокукашӣ мебошад, ки бояд фавран аз он даст кашид. Инчунин   шахсе, ки  мубталои фишорбаландӣ мебошад,   бояд фишори худро дар сатҳи  меъёр нигоҳ дорад (120/80), аз вазъи боду ҳаво пайваста воқиф бошад, зеро гармои шадид ва тӯфони магнитӣ сабаби баландшавии фишор мешаванд. Ҳамчунин вазни худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доштан   ва бештар ҳаракат кардану  аз ғизои серчарб даст кашидан ҳатмист.

Бояд гуфт, ки гирифторони бемориҳои дилро зарур аст ба ғизои ҳаррӯзаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои истеъмол хӯрокҳоеро интихоб намоянд, ки дар таркибашон холестерини кам доранд.   Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба ин бемориҳо- риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибону аз рӯи он амал намудан аст.

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри хизматрасонии аҳолӣ  Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» — и назди ҶСП «Дили солим»  фаъолият доранд. Ин марказҳо  бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои табобати сактаи дил имконияти фаровон доранд ва  беморро ба ҳаёти маъмулӣ тақрибан баргардонида метавонанд.

Таҳияи
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2018 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид