30 СЕНТЯБР – РӮЗИ КАСБИИ МОШИНСОЗОН. Тоҷикистон барои саноатикунонии мамлакат аз тамоми имконот истифода менамояд

Сентябрь 30, 2018 09:21

ДУШАНБЕ, 30.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои  соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи ҷумҳурӣ моҳи августи соли  равон ба маблағи беш аз  150 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар қиёс нисбат ба моҳи августи соли гузашта беш аз 144 фоиз таъмин гардидааст. Ин хушхабар дар ҳолест, ки 30 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи мошинсозон таҷлил мегардад.        

Рӯзи мошинсозон иди касбии коргарон, муҳандисони соҳаи   мошинсозӣ буда, саноати мошинсозӣ худ як бахши бузург ва асосии иқтисодиёти кишварҳои пешрафта  маҳсуб мешавад. Иди касбии мошинсозон, ки ҳамасола якшанбеи охири  моҳи сентябр таҷлил мегардад, ҳанӯз аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос монда, дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ бо баргузориҳои чорабиниҳои гуногун таҷлил мешавад. Саноати мошинсозӣ на танҳо фарогири истеҳсолоти автомобилсозӣ, балки дастгоҳу таҷҳизот, реакторҳои ҳастаӣ, киштиҳои кайҳонӣ, зериобӣ, дастгоҳҳои чангкашӣ, мошинҳои шустушӯӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Дар остонаи Рӯзи мошинсозон ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорати саноати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо корхонаҳои соҳавӣ  афзалиятҳои сиёсати саноатии кишварро, ки аз Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеояд, сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати  рушди соҳа тадбирҳои  судманд меандешанд.

Дар зарфи ҳашт моҳи соли равон ба маблағи 1038 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудани корхонаҳои соҳа ин гуфтаҳоро тақвият мебахшанд. Тибқи иттилои  сарчашма, ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ», ҶСП «Норд Азия металл», ҶДММ КМ «Таҷпроф», ҶДММ «Ноқили Талко», ҶСК «Трансформатор» аз корхонаҳои фаъол ва муваффақи  соҳа мебошанд. ҶСП «Норд Азия металл» яке аз корхонаҳои навтаъсиси соҳа дар  ноҳияи Спитамен, воқеъ дар шимоли мамлакат   мебошад,  ки ба истеҳсоли қубур ва профили металлӣ машғул аст. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 126 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 70 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Ҳамзамон дар шаҳри Ҳисор соли гузашта корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар  заминаи он 36 ҷойи кори нав таъсис ёфт.  Хатҳои технологӣ дар корхонаи мазкур ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб карда шудаанд.

Ин корхонаи навтаъсис дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро  ба 19,5 миллион сомонӣ расонид, ки ин нишондоди назаррраси соҳа маҳсуб меёбад. Корхонаи дигари соҳа ҶДММ КМ «Таҷпроф», ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»  воқеъ аст,  бо ҷалби сармояи  хориҷӣ таъсис дода шуда, аз оғози сол то моҳи сентябр дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 40 миллион сомонӣ профилҳои алюминии рӯйпӯшкардашуда истеҳсол намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона назар ба ин давраи соли гузашта 15,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин бо мақсади истифодаи ашёи хоми ватанӣ  дар ноҳияи Ёвон сохтмони «Заводи сохташавандаи криолит» (ҳоло Талко Кемикал) барои таъмини эҳтиёҷоти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба фториди алюминий ва криолит оғоз гардида, дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 сентябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Иқтидори лоиҳавии он  истеҳсоли 18 ҳазор тонна фториди алюминий, 12 ҳазор тонна криолит ва 100 ҳазор тонна кислотаи сулфат дар як солро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, кормандону мутахассисони бахши саноати мошинсозони кишвар иди  касбии мошинсозонро  бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд, зеро то ҷое мусаллам аст, дар доираи баргузории мулоқоти Сарони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президентҳои Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва

Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв дар шаҳри Турсунзода марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур, ки бо иқдоми бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРАНТАС  ГУРӮҲ»  таъсис дода шудааст,  дар он асосан васлу насби нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ анҷом дода мешавад.

Дар  корхонаи «КРАНТАС ГУРӮҲ» асосан беш аз 12 намуди кранҳои борбардору нақлиёти боркаши махсус васлу насб карда мешаванд ва баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм васлу насби 40 намуди нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон дар оянда истеҳсоли қисмҳои алоҳидаи нақлиёт дар ин корхона ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар ин корхонаи муштарак беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби ширкати ӯзбекистонӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ  ба роҳ монда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки тӯли солҳои охир маҳз бо саюъ талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноати мошинсозӣ рушд ёфта, дар мамлакат корхонаҳои муштарак оид ба

васлкунии мошинолот ва техника  ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Мисоли барҷаста он аст, ки дирӯз, 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро  ба кор андохтанд.

Дар ин корхонаи муштарак асосан трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ин корхона моҳи майи соли 2018 бо иштироки сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, он дар як сол имкони васлу насби 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 4 моҳи фаъолият дар ин корхона 206 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла трактори тамғаи «Беларус 82.1″ 48 адад, ядакҳо 29 адад, испор 113 адад, сихмола 2 адад, тойбанд 16 адад ва заҳрпошак 2 адад васлу насб карда шудаанд.

Мусаллам аст, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии мамлакат тадбирҳои саривақтӣ меандешад, то ҷумҳуриро аз модели кишоварзӣ-саноатӣ  ба модели  давлати индустриалӣ-кишоварзӣ табдил диҳад. Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикр гардидааст.

                                                                 Марзия САИДЗОДА,
                                                                 АМИТ «Ховар»  

 

Сентябрь 30, 2018 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид