ҶАМЪИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ПОЛША. Дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи ин ҷамъияти навтаъсис ба АМИТ «Ховар» нома расид
ДУШАНБЕ, 10.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз шаҳри Варшава ба АМИТ «Ховар» нома расид. Гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Полша – яке аз кишварҳои калонтарини Аврупои Марказӣ – таҳсил мекунанд, изҳор намудаанд, ки бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини суботу оромӣ дар Тоҷикистон ва рушду нумӯи бештари кишвари азизамон ҷамъият созмон додаанд.
Матни изҳороти аъзоёни ин ҷамъиятро дар зер бидуни тағйир ва таҳрир пешниҳод менамоем.
И З Ҳ О Р О Т
оид ба таъсиси «Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷики Полша»
Мо гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик (270 нафар), ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Полша, асосан дар бахшҳои техникӣ ва илмҳои дақиқ таҳсил мекунем, барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистон дар Рӯзи истиқлолияти давлатии он «Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик»-ро таъсис додем. Саҳм гузоштан дар рушду нумуъ ва тараққиёти Тоҷикистон, ободӣ ва бунёдкориҳо мақсади асосии ҷамъияти мо ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, фаъолияти ноҷавонмардона ва амалҳои иғвоангези гуруҳҳои зиддиконститутсионии Тоҷикистон, бахусус фаъолону роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломиро, ки дар кишварҳои Аврупо худро паноҳандаи сиёсӣ муаррифӣ карда, Ватани худ, миллати худ, халқи худ, қавми худ, давлати худ ва тамоми арзишҳои ватандориро дар назди ҷомеаи Аврупо сиёҳ мекунанд, ҳамзамон барои равнақи Точикистону ободию осиштагии сокинони кишвари азизамон бо ҳар роҳ монеа эҷод мекунанд, бо чашми худ дар Полша дида ва эҳсос карда, нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллии мо, донишҷӯёни тоҷик боло гирифт ва моро нагузошт, ки ба ояндаи Ватанамон бетарафӣ намоем.
Зуҳуроти терроризму экстремизм, нооромӣ, бесуботӣ, иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ ва бенизомиро, ки роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом дар кишварҳои Аврупо пешаи худ қарор додаанд, маҳкум карда, маҳз барои рушди Ватанамон – Тоҷикистон талош меварзем.
Бо ҳамин мақсад «Чамъияти донишҷӯёни тоҷики Полша»-ро таъсис додем ва мо, аъзоёни ин ҷамъият тасмим гирифтем, ки барои дастгирӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти ҶТ муттаҳид шуда, тамоми қувваю дониш ва иродаи худро барои рушди Ватанамон равона менамоем.
Дар назди Ватану миллат ваъда медиҳем, ки дар кишвари Полша бо сари баланд таҳсил карда, барои муарифӣ намудани миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бо роҳи ноил шудан ба дастовардҳои бузург кӯшиш мекунем.
Аъзои «Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷики Полша»:
Эмомалӣ ЭМОМЗОДА,
Муминҷон АБДУҒАФФОРОВ,
Суҳроб РУСТАМОВ,
Мавлуда АШӮРОВА
ва дигарон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






