АЗ ПАИ ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: Дар вилояти Хатлон фаъолияти 18 сартарошхона бинобар ҷавобгӯ набуданашон ба талаботи санитарию эпидемиологӣ манъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, фаъолияти сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ фаъолияти 29 сартарошхона, 20 кошонаи ҳусн ва 13 ҳуҷраи дандонпизишкии шаҳри Бохтар мавриди санҷиш қарор гирифт.
Зимни санҷиш дар коргоҳҳои номбурда камбудиҳои зиёд, аз қабили ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан, риоя накардани ҳуҷҷатгузориҳои зарурӣ ва истифода накардани маводи яккарата ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
Дар асоси камбудиҳои ошкоршуда фаъолияти 18 сартарошхона, 7 кошонаи ҳусн ва 1 ҳуҷраи дандонпизишкӣ манъ карда шуд.
Ҳамчунин нисбат ба 5 нафар табибони ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ барои риоя накардани қоидаҳои махсуси тиббӣ санад тартиб дода шуда, ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми истифодаи хизмати сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ аз маводи як дафъагӣ истифода баранд. Ҳамчунин ба муҳлати истифодаи маводи доруворӣ ва ороишию гигиенӣ диққат бидиҳанд.
Дар сурати пайдо шудани шубҳа ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намоянд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






