«БО ДЕГ ШИНӢ – СИЁҲ ШАВӢ…». Дар Варшава аз иштирокчиёни ҳамоиши тоҷикистониёни муқими Полша даъват намуданд, ки ҳушёру зирак бошанд ва ба доми фиреби гурӯҳҳои экстремистию террористӣ наафтанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Варшава бо ташаббуси донишҷӯёни тоҷикистонӣ Конференсия оид ба пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистию террористӣ дар байни тоҷикистониёни муқими Ҷумҳурии Полша баргузор гардид.
Конференсияро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Германия ва Ҷумҳурии Полша Маликшо Неъматов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, ки дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд, сухан гуфт. Бино ба иттилои сафир, дар ҷараёни сафари кории қаблии ӯ ба Полша, ки моҳи июни ҳамин сол сурат гирифтааст, Маликшо Неъматов бо масъулони Вазорати маориф ва Палатаи савдо ва саноати ин кишвар мулоқот намуд ва ҷонибҳо омодагии худро ба ривоҷи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва савдои хориҷӣ баён доштанд. Соҳибкорони Полша даъвати сафири Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкорон, ки аст 14 октбяри соли равон дар шаҳри Душанбе доир шавад, бо камоли майл пазируфтанд.
Дар баробари ин Маликшо Неъматов изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯзҳо дар нишасти анъанавии САҲА дар Варшава аҳзоб ва гурӯҳҳое ширкат ва суханронӣ мекунанд, ки дар Тоҷикистон расман ташкилотҳои экстремистию террористӣ эълон шудаанд ва ин, албатта, ба ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз наметавонад халал ворид насозад.
Дар конференсия аъзои ҳайъати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, ки барои иштирок дар машварати САҲА ба Варшава рафтаанд, инчунин донишмандону коршиносони поландӣ, ки ба омӯзиши равандҳои Тоҷикистон машғуланд, ширкат намуданд.
Ширкаткунандагони конференсия аз донишҷӯёни тоҷик ва дигар шаҳрвандони муқими Полша даъват намуданд, ба доми тазвири чунин ҳизбу гурӯҳҳои авомфиреб ва ҷинояткор дода нашаванд, аз мақоли халқии «Бо дег шинӣ – сиёҳ шавӣ» кор гирифта, аз ҳамнишинӣ бо чунин гуруҳҳои ифротӣ ва ҷиноӣ канораҷӯӣ намоянд ва қотеона алайҳи амалҳо ва ҳадафҳои нопоки онҳо, ки мехоҳанд муносиботи неку самимонаи Тоҷикистонро бо кишварҳои Ғарб доғдор намоянд, мубориза баранд.








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






