Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ду ташкилоти аудитории ҷумҳуриро қатъ кард
ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон фаъолияти ду ташкилоти аудитории кишварро қатъ кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Бонки миллӣ ташкилоти ҶДММ «Аудитории Ш.Адолат» ва ҶДММ «БМҶ Аудит»-ро аз Рӯйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, хориҷ намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ташкилотҳо бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ барои соли 2017 — ро риоя накардаанд.
Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои зикршуда ҶДММ «Грант Торнтон»-ро низ соли 2017 аз Рӯйхати мазкур хориҷ намуда буд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






